Баргузории шанбегӣ дар Консерваторияи миллӣ

Posted Sat, 28/03/2026 - 15:01
By admin
шанбегӣ

Ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми марти соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултети санъати мусиқии эстрадӣ ва кормандони бахши хоҷагидорӣ, дар бинои Консерваторияи миллӣ шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар раванди шанбегӣ устодон, донишҷӯён ва кормандон заминҳои холии бинои асосии Консерватория ва хобгоҳро нарму ҳамвор карда, ҷӯйҳои канори роҳро аз партовҳо тоза намуданд ва гулу буттаҳои гирду атрофи бинои таълимӣ ва хобгоҳро ба тартиб дароварда, дар покию беҳдоштӣ ва зебоии як қисми пойтахти азизамон саҳм гузоштанд.