Консерти синфии кафедраи созҳои оркестрӣ

Posted Fri, 29/05/2026 - 19:26
By admin
Консерти синфи

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, санаи 29-уми майи соли 2026, соати 15:00 дар толори хурди Консерваторияи миллӣ консерти синфии омӯзгорони кафедраи созҳои оркестрӣ — Лутфия Давлатшоева, Зарина Раҳмонова, Фирӯз Назаров, Далер Ҳошимов ва Манижа Абдуллоева доир гардид.

Дар ин маҳфили ҳунарӣ шогирдони устодони мазкур С. Салимов, М. Алихонова, А. Нурзода, А. Давлатзода, Ш. Сайҷафарзода, С. Муминова, Некбахтшоҳ Санҷаров, Э. Азораев, Аҳмадшоҳ Некбахтшоев ва Асмат Зикиллобеков як қатор асарҳои дилнишини классикӣ ва муосирро бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Аз ҷумла, композитсияҳои «Танец»-и Морен Море, «Интермеццо»-и Виктор Дювернуа, «Тарантелла»-и Г. Сквайр, «Романс»-и А. Гилман, «Соната №1»-и Г. Ф. Телеман, «Бурре»-и И. С. Бах, «Рондо»-и В. А. Мотсарт, «Валс»-и Я. Сабзанов ва суруди машҳури «Yesterday»-и гурӯҳи «Beatles» аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳои гарму ҷӯшон ва пазироии самимӣ пешвоз гирифта шуданд.