Иштирок ва суханронии Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ
Мусиқӣ ва санъат ҳамчун пули сулҳ ва дипломатияи фарҳангӣ эътироф шуданд. Дар шумораи нави маҷаллаи бонуфузи «Форум Плюс» андешаҳои Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат бахшида ба аҳамияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба чоп расид.
Мавсуф зимни суханронии худ аҳаммияти бузурги ин ҳамоиши байналмилалиро дар шароити муосир таъкид намуда, қайд карданд, ки имрӯз беш аз ҳарвақта талабот ба муколамаи сулҳомези фарҳангӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва арзишҳо, инчунин кӯшиш барои эҷоди як забони универсалии тафоҳум дар байни халқҳо афзоиш ёфтааст. Ба андешаи роҳбари консерватория, мусиқӣ ва санъат воситаҳои тавонои сулҳ, дӯстӣ ва эҳтироми якдигар мебошанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ин Форуми бонуфуз мусоидат ба шаклгирии фазои ягонаи фарҳангӣ ва илмӣ дар доираи Иттиҳод мебошад. Дар баробари ин, вазифаҳои муҳим ин созгор намудани ҳамкориҳо дар байни намояндагони зиёиён, ходимони санъат ва олимон, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва рушди маънавию ахлоқӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар мақола таъкид мешавад, ки маҳз дар чунин платформаҳои байналмилалӣ мо метавонем якҷоя масъалаҳои муҳимми ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди таҳсилоти мусиқӣ ва тарбияи насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳо ва кушодадилӣ ба ғояҳои нав ҳал кунем.
Инчунин роҳбари Консерваторияи миллӣ изҳори боварии комил намуданд, ки натиҷаи ин кори муштараки фарҳангӣ лоиҳаҳои нави эҷодӣ, барномаҳои дурнамои таълимӣ ва робитаҳои мустаҳкам дар байни давлатҳо хоҳад буд.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамеша дар сафи пеши муаррифии фарҳангу санъати миллии тоҷик ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Барои маълумоти бештар ва мутолиаи пурраи матни гузоришҳо метавонед
ба суроғаи электронии маҷалла, ки дар зер оварда шудааст, ворид шавед:
