Зодрӯз муборак,устоди арҷманд!
Устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Исмоил Назриев аз зумраи овозхонони маъруф ва номдори кишвар аст ки тайи солиёни дароз ба ҳунари сарояндагии суннатии тоҷик машғул буда, бо кӯшишу заҳматҳои хастанопазираш ин ҳунари зебою дилнишинро ба авҷи шуҳрат расонида, дорои мактаби махсуси сарояндагии худ гардидааст.
Устод ин ҳунарро аз қиблагоҳи бузурги худ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Абдулло Назрӣ омӯхта, имрӯзҳо мактаби маъруфи падари хешро бо суруду таронаҳои дилнишин ва офаридаҳои нав ба пеш бурда, рӯҳи мубораки эшонро шоду масрур мегардонад. Устод Исмоил Назриев даҳсолаҳост ки дар тарбияи насли ҷавону ояндаи сарояндагони сунантию мардумӣ саҳми бориз дорад ва пайваста дар чорабиниҳои дохилию берунии ҷумҳурӣ бо фарзандон ва шогирдонаш ширкат меварзад.
Устод имрӯз ба синни мубораки 75 расид ва дар авҷи фаъолияти омӯзгорию овозхонӣ қарор дошта, минбаъд низ бо суруду оҳангҳои зебою дилнишини мардумӣ табъи ҳар шунавандаро болида хоҳад дошт.
Аҳли кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ин ҷашни мубораки зодрӯзро ба устод табрик гуфта, ба ӯ тандурустӣ, дили шод, табъи ҳамеша болида ва дар фаъолиятҳои омӯзгорию эҷодиаш барору комёбиҳо орзуманданд.
Зодрӯз муборак,устоди арҷманд!
