Консерт-рӯнамоии китоби «Шаҳнур»

Posted Tue, 19/05/2026 - 22:15
By admin
Фирӯза Қосимова

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷиҳати рушди фаъолияти илмию эҷодӣ ва дастгирии ташаббусҳои омӯзгорону донишҷӯён тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамасола китобҳо, дастурҳои таълимӣ ва маҷмуаҳои нотавӣ бо сифати баланд барои донишҷӯён ва дӯстдорони мусиқии касбӣ ба нашр мерасанд.

Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2025-2026 китоби бастакори ҷавон ва умедбахш Ҷӯрабек Умаров таҳти унвони «Шаҳнур» ба табъ расид. Маҷмуаи мазкур — «Шаҳнур». Маҷмуаи асарҳои фортепианоии бачагона барои навозиши якка ва ансамблҳои чордаста (дастури таълимии нотавӣ ва сабти аудиоӣ). – Душанбе: «Истеъдод», 2026. – 60 саҳ. мебошад.

Китоб зери назари номзади илмҳои санъатшиносӣ, иҷрокунандаи вазифаи профессор Давлатзода Баҳодур Давлат таҳия шуда, мураттиб ва сабти нотавии Фирӯза Қосимова, муқарризони он профессор Мӯсозода Амирбек ва дотсент Олимзода Хосият, муҳаррир номзади илмҳои филологӣ Шарифзода Лутфулло мебошанд. Маҷмуа бо мақсади рушди саводи мусиқӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ ва такмили маҳорати иҷрокунандагии кӯдакону наврасон омода гардидааст.

Ба муносибати рӯнамоии китоби мазкур 19 майи соли 2026, соати 15:00 дар толори калони Консерваторияи миллӣ консерти бошукӯҳ баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш ректори Консерваторияи миллӣ, н.и. санъатшиносӣ, и.в. профессор Давлатзода Баҳодур Давлат баргузории чунин чорабинии муҳимми илмӣ-фарҳангиро арзишманд арзёбӣ намуда, ба омӯзгорон, масъулон ва таҳиякунандагони китоб изҳори сипос кард. Ҳамчунин, ба муаллифи маҷмуа — оҳангсози ҷавон Ҷӯрабек Умаров дар фаъолияти эҷодӣ ва омӯзгорӣ комёбиҳои нав орзу намуд.

Дар қисмати консертӣ шунавандагони курсҳои омӯзишии Консерваторияи миллӣ, хонандагони Мактаби мусиқии бачагонаи №3 ба номи А. Одинаев ва донишҷӯёни курси тайёрии Консерваторияи миллӣ — Қаландарбекзода Сумая, Файзиева Диана, Юлдошева Фархунда, Мироҷова Малика, Юлдошева Фараҳноз, Маликова Муаттар ва Низомова Гулнора таҳти роҳбарии омӯзгор Фирӯза Қосимова як қатор асарҳои тозаэҷоди бастакорро бо маҳорати баланд иҷро намуданд.

Аз ҷумла, оҳангҳои «Соатак», «Тирамоҳ», «Харгӯшак», «Валс», «Хорпуштак», «Суруди бе матн», «Арғунчак», «Замзама», «Эй Ватан», «Муҳаббат», «Пайванди орзуҳо», «Қалъабандӣ», «Уқоби кӯҳӣ», «Мавҷи дарё», «Чакра чакидан гирад», «Элегия», «Шаҳнур», «Борони шаҳр», «Дилбараки ман» ва «Нағмаи дутор» пешниҳоди ҳаводорони санъат гардида, бо истиқболи гарму самимии ҳозирин пазируфта шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ доктори илмҳои санъатшиносӣ Низомов Аслиддин ба падару модарон, омӯзгорон, роҳбарияти Консерваторияи миллӣ ва ташкилкунандагони консерт барои тарбияи истеъдодҳои ҷавон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки имрӯз ҷомеа шоҳиди зуҳури насли нави ҳунармандони соҳибистеъдоди тоҷик мебошад. Ӯ ба наврасону ҷавонони ҳунарманд дар роҳи эҷод барору комёбиҳо орзу намуд.

Бешак, китоби тозанашри «Шаҳнур» дар тарбияи насли нави санъаткорони асил ва рушди фарҳангу санъати миллӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.