Таҷлили Рӯзи Шашмақом дар Консерваторияи миллӣ

Тавре хабар дода будем, дирӯз (7-уми май) ва имрӯз (8-уми май) дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи консертии Шоми мақомхонӣ идома ёфт. Имрӯз силсилаи бахши овозии Наво – Наср (шуъбаи аввал) бо роҳбарии и.в. дотсент Иброҳимзода Х.Н. иҷро гардид, ки мутрибону сарояндагони Консерваторияи миллӣ бо ҳунари волои худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Зимни баргузории барномаи консертӣ, дӯстдорону ҳаводорони шоҳасари мусиқии классикии тоҷик – Шашмақом бо як эҳсос гӯш ба садои сарояндагону мутрибон дода буданд. Барномаи консертӣ аз назари ҳозирин хеле хуб пазируфта шуд.
Дар фарҷом ректори Консерваторияи миллӣ номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат барои сарояндагону мутрибон, аз ҷумла, Иброҳимзода Х.Н., Орипов С.О. ва Қодиров А.У. ҷиҳати саҳмгузорӣ дар баргузории Шоми мақомхонӣ сипоснома супориданд.