Соати тарбиявӣ барои донишҷӯён

Posted Thu, 02/05/2026 - 18:44
By admin
Соати тарбиявӣ

5 феврали соли 2026, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кураторон Одиназода Солеҳ ва Маҳмудов Толиб барои донишҷӯён соати тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни соати тарбиявӣ масъалаҳои муҳимми "Паёми Пешвои миллат дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025)", инчунин мавзуи "Истиқлолияти энергетикӣ" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Соати тарбиявӣ дар фазои озоду судманд гузашта, донишҷӯён дониши сиёсӣ ва ҷаҳонбинии худро тақвият бахшиданд.