Бозиҳои варзишӣ
Бахшида ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай дар Консерваторияи милллӣ баргузории бозиҳои варзишӣ байни факултетҳо ба ҳукми анъана даромадааст ва он то фарорасии Наврӯзи аҷам идома меёбад.
Имрӯз бозиҳои варзишии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯимизӣ баргузор шуданд. Ғолибони чорабиниҳои варзишӣ дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.

