Консерти ҳисоботии оркестри созҳои халқӣ

Posted Thu, 23/04/2026 - 18:35
By admin
Консерти ҳисоботи

Санаи 23-уми апрели соли 2026, соати 11:00 дар толори калони Консерваторияи миллӣ ба ифтихори 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҳисоботии Оркестри созҳои халқии Консерваторияи миллӣ баргузор шуд. Дар консерти мазкур аз эҷоди оҳангсозони тоҷик ва рус 12 барномаи консертӣ, ба мисли “Рақси Шарқӣ”, оҳанги Саид Ҳамроев, “Модар”, оҳанги Азизулло Шарифов, “Бунафша ва Наврӯзӣ”, аз силсилаи Гулдастаҳои баҳории Абдуфаттоҳ Одинаев, “Тӯфон”, оҳанги Бежан Муртазавӣ, “Рақс”, оҳанги Ҳомидзода Сангалӣ, “Саҳна”, аз балети Кӯли қӯвони П. Чайковский, “Мавҷҳои Амур”, оҳанги Макс Кюсс, “Кӯчаҳо”, оҳанги Аҳмадзода Зуҳриддин, “Шинам сари роҳ”, оҳанги Хайрулло Абдуллоев (дар иҷрои Бунафша Муқимова), “Навои Истиқлол”, оҳанги Акрам Тошов, “Достони Духтари Оташ”, оҳанги Лутфуллои Раҳматулло бо маҳорати баланд иҷро карда шуданд.

Дар консерт и.в. дотсент Маҳмудӣ А.Д., Лутфуллои Раҳматулло ва Аломуддинова Аниса маҳорати баланди дирижёрии худро муаррифӣ намуданд.

Дар фарҷом ректори Консерваторияи миллӣ дотсент Давлатзода Б.Д. аз баргузории чунин консерти пуршукуҳи ҳисоботӣ изҳори хушӣ намуд ва иброз дошт, ки минбаъд консертҳои тамоми оркестру ансамблҳои Консерваторияи миллӣ чунин пуршукуҳ ва хотирмон баргузор хоҳанд шуд.