Аттестатсияи хатми ихтисоси сарояндагии анъанавӣ

Posted Mon, 18/05/2026 - 19:16
By admin
Аттестатсияи хатми

Ба идомаи баргузории имтиҳоноти аттастатсияи хатми соли таҳсили 2025-2026, санаи 18.05.2026, соати 13 аттестатсияи хатми ихтисоси сарояндагии анъанавӣ баргузор шуд. Дар аттестатсияи хатм шогирдони Ҳофизи халқии Тоҷикистон, профессор Файзалӣ Ҳасан, и. в. профессор Каримзода Саъдулло Салим, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, и.в. дотсент Шарифова Муҳаррама ва и.в. дотсент Исмоилов Абдурасул ҳангоми супоридани аттестатсияи хатм аз фанни сарояндагии анъанавӣ малакаю маҳорати худро ба намоиш гузоштанд, ки ин аз заҳматҳои хастанопазири устодон дар роҳи тарбия намудани ҳунармандони баландихтисоси санъати сарояндагии мардумӣ дарак медиҳад.

Ҳамчунин, хатмкунандаи ихтисоси композитсия Машрабов Маҳмадалӣ (роҳбари эҷодӣ омӯзгори калон Убайдзода Б.А.) низ имтиҳони аттестатсияи хатмро аз фанни ихтисос муваффақона супорид