Конференсия ва ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори ваҳдати миллӣ»

Posted Sat, 20/06/2026 - 17:12
By admin
Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ, ин бузургтарин неъматест, ки бо талошу заҳматҳо ва кӯшишҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва имрӯзҳо дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон азизу гиромӣ дошта мешавад.

Дар робита ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии Ваҳдати миллӣ санаи 20 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ ва ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Эмомалӣ Раҳмон- бунёдгузори ваҳдати миллӣ» баргузор шуд.

Ҳамоиши мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Исмоилзода Ёқуб- директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ифтитоҳ намуд ва аз арзиши баланди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сухан ронд.

Ба идомаи кори ҳамоиш, Дилрабо Мансурӣ- муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддинзода Бунафша-раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рудобаи Мукаррам- раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,Одиназода Дилбар- муовини раиси шаҳри Душанбе, Хушвахтзода Қобилҷон- Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла, иброз доштанд, ки ин ваҳдат бо заҳмату талош ва ҷоннисориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ва ҳифзу нигоҳдории он қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар қисмати дуюми конференсия Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан-муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рафиқа Мусоева-иштирокчии иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳайдарзода Шукрулло-ректори донишгоҳи давлатии Данғара, Ғайбулло Авзалов- иштирокчии иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шурои куҳансолони ҳаракати Ваҳдати милллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Абдуллохоҷа Умаров- профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Қозидавлат Қоимдодов-собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон доир ба аҳамияти таърихии расидан ба Истиқлоли давлатӣ, оғози нооромиҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, баргузории иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибрози нахустин суханони ӯ баҳри тинҷу ором намудани вазъият, ба Ватан баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ва талошҳои минбаъдаи Сарвари давлат баҳри ором намудани вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар, бунёди иқтисоди харобгардида, баланд бардоштани обрӯ ва номи неки Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон аз хотирот ва таҷрибаҳои андӯхтаашон ба таври воқеӣ ва ниҳоят таассуротангез суханронӣ намуданд ва мавриди кафкӯбиҳои бардавоми ҳозирин гардиданд.

Дар қисмати ниҳоии ҳамоиш Озмуни ҷумҳуриявии “Эмомалӣ Раҳмон- бунёдгузори ваҳдати миллӣ» ҷамъбаст гардид ва дар он донишҷӯи курси 2-юми Консерваторияи миллӣ Меликов Яъқуб барандаи ҷойи сеюм гардид ва бо диплом сарфароз гардонида шуд.