Ҳимояи муваффақонаи рисолаҳои доктори фалсафа (PhD) дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Fri, 03/07/2026 - 14:48
By admin
Ҳимояи муваффақона

2 июли соли 2026 дар шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-070 назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ду ҳимояи рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D040100 – Мусиқишиносӣ (6D040101 – Санъати мусиқӣ) баргузор гардид.

Ҷаласаи шурои муштараки диссертатсионӣ таҳти раёсати раиси шуро, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов, баргузор гардид. Дар ташкилу баргузории кори шуро саҳми роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, бахусус ректори муассиса, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат, назаррас буда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди фаъолияти илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъат тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Нахуст, Убайдзода Бахтиёр Аҳрорӣ рисолаи илмии худро дар мавзуи «Ҳалли композитсионӣ дар бузургсилсилаи полифонии Фирӯз Баҳор – 24 прелюдия ва фуга «Нақши паранд» барои фортепиано» сарбаландона ҳимоя намуд.

Баъдан, Абдуллозода Эмомалӣ Асадулло бошад, рисолаи илмии худро дар мавзуи «Хусусиятҳои эҷодии композитор Шуҳрат Ашӯров дар жанрҳои вокалӣ ва вокалӣ-саҳнавӣ» бомуваффақият дифоъ кард.

Роҳбари илмии ҳар ду рисола доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ мебошад.

Дар ҷаласаи шурои муштараки диссертатсионӣ аз 16 нафар аъзои шуро 15 нафар иштирок намуда, аз ҷумла 11 нафар ба таври ҳузурӣ ва 4 нафар ба таври маҷозӣ (онлайн) дар муҳокима ва овоздиҳӣ ширкат варзиданд.

Дар оғоз оид ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти довталабон маълумоти муфассал пешниҳод гардида, таъкид шуд, ки рисолаҳои мазкур дар кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон омода гардидаанд. Муассисаи пешбар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни ҳимоя ҳар ду довталаб муҳтавои рисолаҳои илмии худро муаррифӣ намуда, аҳаммияти назариявӣ ва амалии натиҷаҳои таҳқиқоти худро шарҳ доданд. Роҳбари илмӣ низ ба сатҳи омодагӣ, фаъолияти илмӣ ва ҷустуҷӯҳои пажӯҳишии онҳо баҳои баланд дод.

Дар идомаи ҷаласа хулосаҳои муассисаи пешбар ва муқарризон шунида шуда, аз ҷониби аъзои шуро доир ба муҳтавои рисолаҳо саволу пешниҳодҳо иброз гардиданд. Довталабон ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода, изҳор намуданд, ки эродҳои хусусияти таҳрирӣ ва техникӣ дошта дар муҳлати муқарраргардида бартараф хоҳанд шуд.

Ҷиҳати арзёбии илмии ҳар ду рисола ба автореферат олимони варзидаи дохилӣ ва хориҷӣ тақризҳои арзишманд пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои санъатшиносии Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон Ғанихонова Шоиста, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский Ҷуманова Лола, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон Татяна Давидова ва номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Раҳимзода Кароматулло ба ҳар ду таҳқиқот баҳои баланд дода, аҳаммияти илмӣ, навгонӣ, мубрамият ва саҳми назарраси онҳоро дар рушди илми мусиқишиносӣ таъкид намуданд.

Махсусан, муқарризони хориҷӣ зимни арзёбии ҳар ду рисола изҳор доштанд, ки таҳқиқоти анҷомдодашуда аз рушди устувори мактаби мусиқишиносии тоҷик, болоравии сатҳи таҳқиқоти илмӣ ва тақвияти иқтидори муҳаққиқони ҷавони кишвар шаҳодат медиҳад. Ба таъкиди онҳо, натиҷаҳои илмии ин рисолаҳо на танҳо барои рушди назарияи мусиқишиносӣ, балки барои омӯзиш, таҳқиқ ва тарғиби мероси мусиқии касбии тоҷик низ аҳаммияти муҳим дошта, метавонанд дар раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи санъат ба таври васеъ мавриди истифода қарор гиранд. Инчунин, муқарризони хориҷӣ чунин арзёбӣ намуданд, ки анҷоми чунин таҳқиқоти бунёдӣ далели равшани рушди илми мусиқишиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи он дар фазои илмии байналмилалӣ мебошад.

Дар анҷоми ҷаласа, тибқи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ, шурои муштараки диссертатсионӣ қарор қабул намуд, ки рисолаҳои илмии Убайдзода Бахтиёр Аҳрорӣ ва Абдуллозода Эмомалӣ Асадулло ба талаботи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.

Роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Убайдзода Бахтиёр Аҳрорӣ ва Абдуллозода Эмомалӣ Асадуллоро ба муносибати ҳимояи муваффақонаи рисолаҳои доктори фалсафа (PhD) самимона табрик гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмию эҷодӣ дастовардҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.

ИЗҲОРИ СИПОС ВА ҚАДРДОНӢ

Роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд, таваҷҷуҳи пайваста ба рушди низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти самараноки шуроҳои диссертатсионӣ изҳори сипос ва қадрдонӣ менамояд.

Ҳамзамон, ба раиси шурои муштараки диссертатсионӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов ва ҳамаи аъзои шуро барои баррасии касбӣ, шаффоф ва одилонаи рисолаҳои илмӣ арзи миннатдорӣ баён менамояд.

Роҳбарияти Консерватория инчунин ба роҳбари илмии ҳар ду рисола, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ, барои роҳнамоии илмӣ, омода намудани муҳаққиқони ҷавон ва саҳми арзишманд дар рушди мактаби мусиқишиносии ватанӣ изҳори сипоси самимӣ менамояд.

Ҳамчунин, ба бахши илм ва инноватсияи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барои ҳамоҳангсозии корҳои ташкиливу методӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва таъмини сатҳи баланди баргузории ҷаласаи шурои муштараки диссертатсионӣ изҳори миннатдорӣ карда мешавад.

Роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон итминон дорад, ки ҳамкориҳои судманд бо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои илмӣ минбаъд низ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва таҳкими иқтидори илмии соҳаи фарҳанг ва санъати кишвар густариш хоҳад ёфт.