Китоби дарсии «Созшиносӣ» ба нашр расид

Posted Mon, 13/07/2026 - 22:53
By admin
Созшиносӣ

Бо қарори шурои илмӣ-методии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз 28 ноябри соли 2025 (қарори №3) китоби дарсии «Созшиносӣ (созҳои халқии тоҷикӣ)»-и номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти кафедраи созҳои халқии факултети иҷрокунандагӣ Баҳодур Давлатзода ба нашр расид.

Ин китоб яке аз аввалин китобҳои дарсӣ ба шумор меравад, ки масъалаҳои таърих, назария, сохтор, такмил ва имкониятҳои иҷрокунандагии созҳои халқии тоҷикиро ба таври мукаммал ба забони тоҷикӣ фаро гирифтааст. Нашри он дар рушди адабиёти таълимии миллӣ ва таҳкими заминаи илмӣ-методии омӯзиши созҳои халқии тоҷикӣ саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

Китоб аз муқаддима, панҷ боб ва рӯйхати адабиёти истифодашуда иборат буда, дар маҷмӯъ 140 саҳифаро дар бар мегирад. Дар он гурӯҳҳои асосии созҳои мусиқии тоҷикӣ – созҳои тории камонӣ, мизробӣ, зарбии торӣ, нафасӣ ва зарбӣ аз ҷиҳати пайдоиш, хусусиятҳои сохт, имкониятҳои садодиҳӣ, усулҳои иҷрокунандагӣ ва нақши онҳо дар фарҳанги мусиқии тоҷик мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Дар муқаддимаи китоб муаллиф таърихи ташаккул ва рушди санъати иҷрокунандагии созҳои халқии тоҷик, раванди такмилу таҷдиди созҳои миллӣ дар асри XX, таъсиси оркестри созҳои халқии тоҷикӣ, саҳми мутахассисони ватаниву хориҷӣ дар рушди фарҳанги мусиқӣ ва нақши муассисаҳои таҳсилоти олии мусиқӣ, аз ҷумла Консерваторияи миллии Тоҷикистонро дар омода намудани кадрҳои баландихтисос таҳлил намудааст.

Бобҳои китоб ба омӯзиши ҳамаҷонибаи созҳои миллӣ бахшида шудаанд. Дар онҳо хусусиятҳои таърихӣ ва сохтории ғиҷак ва навъҳои он, рубоб, дутор, танбур, уд, сато, чанг, най, сурнай, қушнай, доира, нагора ва дигар созҳои анъанавии тоҷикӣ бо такя ба дастовардҳои илмии муосир ва таҷрибаи иҷрокунандагӣ баррасӣ гардидаанд. Ҳамчунин масъалаҳои таҷдиди сохтории созҳо, васеъ гардидани диапазон, истифодаи низоми температсия, имкониятҳои онҳо дар ансамбл ва оркестри созҳои халқӣ, инчунин ҷойгоҳи онҳо дар санъати касбии тоҷик мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

davlatzoda_bahodur_davlatКитоби дарсӣ бо истифода аз адабиёти илмӣ, сарчашмаҳои таърихӣ ва таҷрибаи омӯзгорӣ таҳия гардида, барои донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, коллеҷҳои санъат, омӯзгорон, муҳаққиқон ва ҳамаи дӯстдорони фарҳангу мусиқии миллӣ пешбинӣ шудааст.

Муаллифи китоб Баҳодур Давлатзода дар таълифи асар ба масъалаҳои омӯзиши илмии созҳои халқии тоҷикӣ, рушди анъанаҳои иҷрокунандагӣ ва такмили таълими фанни «Созшиносӣ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Ин китоб метавонад ҳамчун дастури муҳим дар раванди омӯзиш, таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи санъати мусиқӣ мавриди истифода қарор гирад.

Нашри китоби мазкур боз як иқдоми муҳим дар самти ғанӣ гардонидани адабиёти таълимии соҳаи мусиқии касбӣ буда, барои ҳифз, омӯзиш ва рушди мероси гаронбаҳои созҳои халқии тоҷик саҳми назаррас хоҳад гузошт.