Идома имтиҳоноти аттестатсияи хатми

Posted Wed, 20/05/2026 - 17:15
By admin
Идома имтиҳоноти

Имтиҳоноти аттестатсияи хатми соли таҳсили 2025-2026 имрӯз идома ёфт. Дар ин рӯз соати 5 панҷ нафар хатмкунандагони ихтисоси мутрибони анъанавӣ (шакли рӯзонаи таҳсил) имтиҳони аттестатсияи давлатии хатмро аз фанни Ансамбл зери роҳбарии устод и.в. дотсент Иброҳимзода Х.Н. (самти Мақом) муваффақона супориданд.

Ҳамчунин, шогирдон-хатмкунандагони кафедраи созҳои оркестрӣ, зери роҳбарии устодон и.в. дотсент Дурмишев С.Х., омӯзгорони калон Давлатшоева Л.Қ., Ҳошимов Д.М., омӯзгорон Парманкулова Е.А., Тиллоев Д.С., Раҷабов Д. – созҳои камонии оркестри симфонӣ (3 нафар) ва созҳои нафасии оркестри симфонӣ (9 нафар) имтиҳонотро аз фанни ихтисос бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд.

Ба идомаи баргузории имтиҳоноти хатм, соати 13 хатмкунандагони ихтисоси фортепиано (2 нафар рӯзона ва 3 нафар фосилавӣ) имтиҳонро аз фанни синфи консермейстерӣ (зери роҳбарии устодон дотсент Обидова Н.Ҷ., дотсент Олимова Х.Н. ва омӯзгор Қодирова К.Б.), 5 панҷ нафар хатмкунандагони ихтисоси сарояндагии анъанавӣ имтиҳони аттестатсияи давлатии хатмро аз фанни Ансамбл зери роҳбарии устод и.в. дотсент Бурҳонов М.Р. (самти Фалак) бомуваффақият супориданд