Посдории хотираи неки абармардони миллат ва устодони фарҳангу санъат

Posted Sat, 30/05/2026 - 13:11
By admin
Давлатманд Хол

Имрӯз, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Вазорат ва зерсохторҳои он бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихӣ ва фарҳангии фарзандони фарзонаи миллат ба мавзеи оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо гулгузорӣ ва ёдоварӣ аз корномаҳои неки Қаҳрамонони Тоҷикистон руҳи онҳоро гиромӣ доштанд.

Дар канори кормандони соҳаи фарҳанг, ҳайати Консерватория таҳти роҳбарии ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Давлатзода Баҳодур Давлат, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо низ ҳузур доштанд.

Посдории хотираи неки абармардони миллат ва устодони фарҳангу санъат

Зимни боздид иштирокдорон бо гузоштани гулҳо хотираи неки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва чеҳраи барҷастаи таърих Нисор Муҳаммадро гиромӣ дошта, аз хизматҳои арзишманди онҳо дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллат ва рушди фарҳангу маърифати тоҷикон ёдовар шуданд.

Қайд гардид, ки бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муште аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи таъсис ва таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки эҳтиром ба корномаҳои фарзандони содиқи Ватан ва пос доштани хотираи неки онҳо яке аз омилҳои муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар миёни насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон ҳайати Консерваторияи миллии Тоҷикистон аз оромгоҳи як қатор чеҳраҳои маъруфи фарҳанг, санъат ва адабиёти тоҷик боздид намуда, бо гузоштани гулҳо хотираи онҳоро гиромӣ доштанд. Аз ҷумла, оромгоҳҳои устодони санъати тоҷик Одина Ҳошим, Талабхӯҷа Сатторов, Фаттоҳ Одина, Нигина Рауфова, Давлатманд Хол ва Холаҳмад Маҷидов, инчунин шоирону адибони маъруф Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва Бозор Собир аёдат карда шуданд.

Зикр гардид, ки мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабӣ ва ҳунарии ин абармардон имрӯз низ барои тарбияи маънавии ҷомеа, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳифзи арзишҳои асили тоҷикон хизмат намуда, барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳамчун мактаби бузурги худшиносӣ ва ватандӯстӣ боқӣ мемонад.

Чунин иқдомҳо дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гиромидошти шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва таҳкими пайванди маънавии наслҳо аҳаммияти муҳим доранд.