Вохӯрии ректори Консерваторияи миллӣ бо донишҷӯёни соли аввал

Posted Thu, 17/09/2026 - 14:12
By admin

Имрӯз, 17-уми сентябри соли 2026 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мулоқоти ректори Консерватория, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат, бо донишҷӯёни соли аввали таҳсил баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо мақсади шиносоии роҳбарияти Консерваторияи миллӣ бо раванди мутобиқшавии донишҷӯёни нав ба муҳити таълимӣ, баррасии масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия ва вазъи иҷтимоиву маишии онҳо баргузор шуд.

Зимни суҳбат ректори Консерваторияи миллӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, риояи интизоми донишҷӯӣ, масъулиятшиносӣ, иштироки фаъол дар раванди таълим ва такмили донишҳои назариявию малакаҳои касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ҳамчунин, масъалаи таъмини донишҷӯёни соли аввал ба хобгоҳ, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсилу зиндагӣ ва дастгирии иҷтимоии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи мулоқот суҳбати озоду самимӣ миёни ректор ва донишҷӯён сурат гирифта, донишҷӯён фикру андеша, пешниҳод ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи худро баён намуданд. Роҳбарияти Консерваторияи миллӣ ба саволҳои донишҷӯён посух дода, барои ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда дастуру супоришҳои дахлдор ироа намуд.

Мулоқоти мазкур дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, барои шиносоии бештари донишҷӯёни соли аввал бо муҳити таълимӣ ва фаъолияти Консерватория, инчунин барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву маишии онҳо заминаи мусоид фароҳам овард.