Таҷлили Рӯзи Модар
Эҳтироми модар ва манзалати он дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамеша аз мақоми хос бархурдор буда, ҷойгоҳи муқаддас дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи имрӯза боз ҳам бештар ба бузургии Зан-Модар арҷ мегузорад. Модар на танҳо офарандаи ҳаёт, балки асоси маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа маҳсуб мешавад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Модар бо Фармони №632 аз 6 марти соли 2009 «Дар бораи Рӯзи модар» ҷашни давлатӣ эълон гардида, ҳамасола бо шукӯҳ таҷлил карда мешавад.
«Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзӯҳои нек ба воя мерасонад» – таъкид намудаанд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба ифтихори Рӯзи Модар, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 марти соли ҷорӣ дар толори калони Консерваторияи миллӣ чорабинии фарҳангии бошукӯҳ баргузор гардид. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҷашнро ба ҳамаи бонувон табрик гуфта, аз саҳм ва нақши занон дар ҳаёти гузашта ва имрӯзаи ҷомеа сухан ронд. Ҳамчунин, ӯ таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуди шароити фаъолияти занон ва беҳтар намудани зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои муассир меандешад.
Дар доираи чорабинӣ кормандони фаъол – бонувони фаъоли зерсохторҳои Вазорати фарҳанг бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. Дар идомаи чорабинӣ, консерти идона баргузор гардид. Устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар васфи Модар суруду оҳангҳои дилнишинро пешкаши ташобинон намуданд.
Ид муборак, занону бонувони арҷманд! Сарбаланду хушбахт бошед!

