Эълон!
Ба таваҷҷуҳи алоқамандони санъати асили миллии тоҷик мерасонем, ки дар доираи баргузории Ҳафтаи илм дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20-25 апрели соли 2026 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Истиқлоли давлатӣ ва рушди санъати мусиқии тоҷик: масъалаҳои эҷодӣ, илмӣ ва таълимӣ-пажӯҳишӣ дар мактаби олии мусиқӣ” баргузор мешавад.
Ташрифи олимон, муҳаққиқон ва пажӯҳишгарону алоқамандони муҳтарамро ба ин ҳамоиши илмию фарҳангӣ интизорем.

