Пешвои миллат Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар кӯчаи Куруши Кабири шаҳри Бӯстон бинои зебою замонавии Муассисаи давлатии “Мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов”-ро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаби санъат, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон навсозӣ гардид.