Рӯзи дуюми даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов рӯзи дуюми даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияи «Навозандагӣ», жанри академӣ (созҳои аврупоиасос) баргузор гардид.
Иштирокчиён маҳорати навозандагӣ ва истеъдоди ҳунарии худро муаррифӣ намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ рақобат карданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
