Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025
Дар асоси нақшаи кории бахши илми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва факултети санъати мусиқии эстрадӣ имрӯз, 8-уми майи соли 2025, чорабинии илмӣ-фарҳангӣ зери унвони "Ҳифзи пиряхҳо - рамзи наҷоти башарият" бахшида ба "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025" барпо гардид.
Чорабинӣ бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён ва мутахассиси барҷастаи соҳаи география, доктори илмҳои географӣ, профессор Холназар Муҳаббатов сурат гирифт. Чорабинӣ аз ду бахш - илмӣ ва фарҳангӣ иборат буда, дар бахши аввал доктори илмҳои географӣ Холназар Муҳаббатов дар мавзуи "Мавқеъ ва ҳолати пиряхҳои кӯҳсор" ва номзади илмҳои филологӣ Лутфулло Шарифзода дар мавзуи "Ҳифзи пиряхҳо - рамзи наҷоти башарият" суханронӣ намуданд. Доктори илмҳои географӣ Холназар Муҳаббатов дар робита ба пешниҳодҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба обу иқлим, аҳаммияти мавзуи ҳифзи пиряхҳо ва пиряхҳои Тоҷикистон маълумоти арзишманд иброз намуданд.
Дар бахши дуюм консерти синфии омӯзгори калони кафедраи сасарояндагӣ ва навозандагӣ Умаров Ҷӯрабек ва омӯзгор Ғиёсов Шариф чорабиниро хотирмону дилнишин намуданд. Дар консерт омӯзгорону донишҷӯёни факултети санъати мусиқии эстрадӣ 8 асари мусиқиро бо маҳорати волои иҷрокунандагӣ иҷро ва манзури аҳли толор намуданд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ансамбли эстрадии Консерватория, ки дар заминаи факултети санъати мусиқии эстрадӣ ташкил шудааст на танҳо дар дохили муассиса, балки дар ҷумҳурӣ бо навозиш ва иҷрои асарҳои барҷастаи мусиқии эстрадаи тоҷик ва ҷаҳонӣ шинохта шудааст.