Консерти синфии омӯзгорони кафедраи мутрибони анъанавӣ
Санаи 11-уми декабри соли 2025, дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти синфии омӯзгорони кафедраи мутрибони анъанавӣ Давлатов Қурбон ва Сайдалиев Сабзалӣ баргузор гардид.
Дар консерти синфӣ 7 оҳанг, аз эҷодиёти бастакорони ватанӣ ва омӯзгори калон Сайдалиев Сабзалӣ садо дода, донишҷӯён ва омӯзгорон бо навозиши зебои худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Дар консерти синфӣ ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат ва меҳмонон аз Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ, н.и. санъатшиносӣ, профессор Бегматов Соҳибҷон Маҳмудович ва омӯзгори кафедраи «Таърих ва назарияи мақоми узбек» Ҳайдарова Нодира иштирок доштанд.
Дар фарҷом ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат ҷиҳати баргузории консерти синфӣ ибрози андеша намуда, ба кулли нафароне, ки дар ин барномаи консертӣ саҳм гузоштанд изҳори сипос намуданд.
Консерти синфӣ аз нигоҳи меҳмонони ҳамсоякишвар хеле ҷолибу рангин буд. Ҳамзамон н.и. санъатшиносӣ, профессор Бегматов Соҳибҷон Маҳмудович ба донишҷӯёни кафедраи мазкур иброз намуданд, ки шумо метавонед муаррифгари санъати асили мусиқии тоҷик гардед.
