Иштироки роҳбарият ва омӯзгорони КМТ дар ҳамоиши Вазорати Фарҳанги ҶТ
13-уми феврали соли 2026 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муҳимму маърифатӣ доир гардид. Чорабинӣ ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, бахшида шуд.
Дар ҳамоиш муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони сохторҳои Вазорат, инчунин намояндагони муассисаҳои зертобеи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла роҳбарият ва омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст муовини вазири фарҳанг, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар, суханронӣ намуда, аҳаммияти таърихӣ ва роҳнамоикунандаи Паёми Пешвои миллатро барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, махсусан фарҳанг ва санъат, таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки Паём ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати давлатро муайян намуда, барои фаъолияти созандаи аҳли фарҳанг уфуқҳои нав мекушояд.
Сипас, сиёсатшиноси маъруф Абдуллоҳи Раҳнамо тули як соат бо ҳозирин суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, нуктаҳои асосии Паёмро таҳлил ва баррасӣ намуд. Ӯ ба масъалаҳои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди маънавият, таҳкими суботу ваҳдати миллӣ ва нақши фарҳанг дар пешбурди ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
