Маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ
25 апрели соли 2025 дар “Кохи Сурӯш” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандону омӯзгорони Консерваторияи миллӣ низ иштирок намуданд. Дар бахши фарҳангии чорабинӣ бошад сарояндагону мутрибони Консерваторияи миллӣ бо ҳунари худ табъи иштирокчиёнро шод намуданд.