Китоб барои муҳофизи Ватан!
Ба ифтихори 33-солагии таъсисиёбии Артиши миллии Ҷумҳуриии Тоҷикистон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2026, таҳти №4647 (26) Аксияи ҷумҳуриявии“Китоб барои муҳофизи Ватан!” баргузор шуд ва дар он омӯзгорон ва кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолона ширкат варзиданд.
Дар доираи аксияи мазкур як қаторкормандони Консерватория, аз ҷумла Давлатзода Баҳодур Давлат – ректори Консерватория, Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол – муовини ректор оид ба таълим, Шарифзода Лутфулло Абдулло– муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, Исмойилов Абдурасул Ҷӯрабоевич– муовини ректор оид ба тарбия, Муборакшоева Сумангул Ватаншоевна – муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ, Қурбонов Оятулло Баракатулллоевич – сардори раёсати таълим, Абдуллозода Эмомалӣ Асадулло– декани факултети иҷрокунандагӣ, Бурҳонов Манучеҳр Раҳмонович– декани факултети мусиқии суннатии тоҷик, Назриев Исмоил Абдуллоевич– Ҳофизи халқииТоҷикистон, устоди кафедраи сарояндагии анъанавӣ, Каримзода Саъдулло Салим– дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ,Назархудоев Назархудо Назарбекович– мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ–педагогӣ, Аҳророва Земфира Собировна – мудири китобхона ҷиҳати дастгирии маънавии муҳофизони Ватан як теъдод китобҳои гуногун соҳа (бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ)-ро ҳамчун туҳфа эҳдо намуданд.
Китобҳои ҷамъовардашуда тибқи нақша ба масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, ба муҳофизони Ватан ирсол карда шуданд.

