Нақши забон ва мусиқӣ дар тарбияи маънавии ҷавонон
26 феврали соли 2026 дар толори хурди Консерватория дар доираи соати тарбиявӣ дарси кушоди н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи забонҳо Саизода Рамзия Саидқул баргузор гардид. Чорабинӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ таҳти унвони «Забон ва мусиқӣ-оинаи рӯҳи миллат » баргузор гардида,бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар фазои гарму самимӣ доир шуд.
Дар оғози дарс омӯзгор оид ба аҳаммияти забон ва мусиқӣ ҳамчун пояҳои асосии худшиносии миллӣ суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки забон ҳамчун омили асосии ҳифзи таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дошта, мусиқӣ бошад, эҳсосу ормонҳои мардумро ифода менамояд ва дар таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ таъсири амиқ мерасонад.
Сипас донишҷӯён шеърҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қироат намуда, тавассути қироати пурмазмуну таъсирбахш муҳаббат ба забон ва фарҳанги миллиро инъикос карданд. Ҳамчунин, донишҷӯёни курси якум Устобоев Фирдавс ва Туразода Шаҳром дар мавзӯи нақши забон ва мусиқӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ маърӯза намуда, андешаҳои худро перомуни нақши забон ва мусиқӣ дар ташаккули маънавиёти ҷомеа баён доштанд.
Қисмати фарҳангии барнома бо иҷрои суруду мусиқиҳои ҷолиб аз ҷониби магистрон Қаҳҳоров Фирӯз ва Неъматов Муҳаммад ҳусни анҷом ёфт. Баромади онҳо ба чорабинӣ руҳияи тоза бахшида, хотири ҳозиринро болида гардонд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Исмоилов А.Ҷ. ба омӯзгор ва донишҷӯёни иштирокчӣ барои ташкили дарси пурмуҳтаво ва иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно кард.
Дарси кушод дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси худшиносӣ, эҳтиром ба забон ва фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузошт.

