Консерваторияи миллӣ - мизбони номинаҳои «Созҳои халқӣ» ва «Фортепиано»-и xx-умин Бозиҳои Делфӣ
Дар рӯзҳои баргузории XX-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шаҳри Душанбе ба маркази муҳимми муколамаи фарҳангӣ ва эҷодии ҷавонон табдил хоҳад ёфт. Аз 5 то 9 октябри соли 2026 пойтахти Тоҷикистон мизбони намояндагони кишварҳои узви ИДМ буда, иштирокчиёни ҷавон маҳорати худро дар бахшҳои гуногуни санъат муаррифӣ менамоянд. Дар доираи ин чорабинии байналмилалӣ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов яке аз майдонҳои муҳими баргузории озмунҳо гардида, мизбони номинаҳои «Созҳои халқӣ» ва «Фортепиано» мебошад.
Баргузории ин номинаҳо дар Консерваторияи миллӣ аҳаммияти хос дорад. Зеро Консерваторияи миллӣ ҳамчун маркази асосии омодасозии мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ дорои муҳити созгор барои баргузории чунин озмунҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Дар ин ҷо санъати овозхонӣ ва маҳорати навозандагӣ дар заминаи омӯзиши амиқи мусиқӣ, таҷрибаи саҳнавӣ ва анъанаҳои мактаби миллии мусиқӣ рушд меёбанд.
Номинаҳои «Созҳои халқӣ» ва «Фортепиано» ба иштирокчиёни ҷавон имконият медиҳанд, ки маҳорати касбӣ ва истеъдоди эҷодии худро дар назди ҳайати ҳакамон ва намояндагони кишварҳои гуногун муаррифӣ намоянд. Ҳамзамон, чунин чорабинӣ барои табодули таҷриба, муоширати касбӣ ва шиносоии иштирокчиён бо мактабҳои гуногуни мусиқӣ заминаи муносиб фароҳам меорад. Барои Консерваторияи миллӣ мизбонии ин номинаҳо, ҳамзамон имконияти муаррифии иқтидори таълимию эҷодӣ ва анъанаҳои ғании мусиқии касбии Тоҷикистон мебошад.
Ҳузури ҷавонони соҳибистеъдод аз кишварҳои гуногун дар муҳити Консерваторияи миллӣ метавонад ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳои мусиқӣ мусоидат намояд.
Бозиҳои Делфӣ ҳамчун майдони муколамаи фарҳангҳо ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки тавассути забони мусиқӣ бо ҳамдигар робита барқарор намоянд. Дар ин раванд «Созҳои халқӣ» ва «Фортепиано» на танҳо бахшҳои озмунӣ, балки саҳнаи муаррифии истеъдод, мактаби касбӣ ва фарҳанги мусиқии кишварҳои гуногун мебошанд.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар рӯзҳои баргузории XX-умин Бозиҳои Делфӣ дарҳои худро ба рӯйи ҷавонони эҷодкор боз намуда, ба яке аз маконҳои муҳимми ҳамкории байналмилалии мусиқӣ табдил хоҳад ёфт.
