Қадрдонии ректори Консерваторияи миллӣ аз ҷониби вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боиси ифтихору сарфарозист, ки фаъолияти созанда ва иштироки фаъоли ҳайати устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар чорабиниҳои муҳимми ҷамъиятиву фарҳангӣ сазовори қадршиносӣ гардид.
Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Давлатзода Баҳодур барои таъмини иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯёни муассиса дар ташкил ва баргузории роҳпаймоии осоиштаи бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ифтихорномаи мазкурро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода ба ректори Консерваторияи миллӣ супорид.
Қобили зикр аст, ки иштироки устодону донишҷӯёни муассисаҳои фарҳангӣ дар чунин чорабиниҳои муҳими ҷамъиятиву фарҳангӣ ифодагари ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳми аҳли фарҳанг дар ҳаёти иҷтимоиву маънавии ҷомеа мебошад.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов минбаъд низ дар чорабиниҳои муҳимми давлатӣ ва фарҳангӣ иштироки фаъол намуда, барои рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
