Табрикотии ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи омӯзгор
Устодони гиромӣ, омӯзгорони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи омӯзгорон ва устодони азизи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро ба муносибати Рӯзи омӯзгор табрик менамоям.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар кишвари мо Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад. Бо ин муносибат мехоҳам кулли Шумо устодону омӯзгорони гиромӣ ва собиқадорони соҳаи маорифро самимона таҳният намуда, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, шодию хушнудии пайваста ва муваффақияту музаффариятҳои беназирро дар фаъолияти меҳнатӣ, илмию эҷодиятон таманно намоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус ба маврид таъкид менамоянд, ки “Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”
Омӯзгорӣ аз ҷумлаи пуршарафтарин ва масъулиятноктарин рисолатҳои инсонӣ ба шумор меравад. Устод на танҳо дониш ва таҷрибаи касбиро ба шогирд меомӯзонад, балки бо маърифату ахлоқи ҳамида, фарҳанги баланди инсонӣ ва меҳру муҳаббат роҳи зиндагӣ ва фаъолияти минбаъдаи ӯро муайян месозад. Дар соҳаи ҳунар бошад, нақши устод дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, завқи эстетикӣ, маҳорати касбӣ ва мавқеи эҷодии шогирд боз ҳам муҳимтар аст.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қадами муҳимми дигар дар роҳи таҳкими ҷойгоҳи ҳуқуқию иҷтимоии омӯзгор мебошад. Қонун, мақом, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои фаъолияти касбии омӯзгорро муайян намуда, ба ҳифзи шаъну шараф ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти ӯ равона шудааст.
Устодони муҳтарам, аҳли ҳунар!
Имсол барои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳайати устодону кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов хотирмон мебошад. Мо шоҳиди тантанаҳои таҷлил аз ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти азизамон шаҳри Душанбе шудаем.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун ягона муассисаи олии таълимии соҳавии мусиқии кишвар дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи мусиқӣ, рушди санъати касбии мусиқӣ, ҳифз ва идомаи анъанаҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги мусиқии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
Дар ин раванди масъулиятнок саҳми устодону омӯзгорони Консерваторияи миллӣ ниҳоят арзишманд мебошад. Маҳз бо меҳнати содиқона, таҷрибаи ғании касбӣ, донишу маҳорати эҷодӣ ва муносибати самимӣ ба шогирдон насли нави муттахассисони соҳаи мусиқӣ тарбия меёбад. Шогирдони имрӯзаи Шумо фардо идомадиҳандагони мактаби ҳунарии устодон ва посдорони мероси пурғановати мусиқии миллӣ хоҳанд буд.
Аз ин фурсат истифода бурда, ба ҳамаи устодон ва омӯзгорони арҷманди Консерваторияи миллӣ барои заҳмати содиқона, масъулияти баланди касбӣ, садоқат ба касби пуршараф ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон изҳори сипос менамоям.
Ба ҳар яки Шумо тансиҳатии комил, умри дароз, саодати рӯзгор, неруи тоза, илҳоми эҷодӣ, фаъолияти пурсамар ва дар тарбияи шогирдони соҳибистеъдоду соҳибмаърифат муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Бигзор заҳмати пуршарафи устод ҳамеша қадрдонӣ гардад, мактаби ҳунарии Шумо идомаи шоиста пайдо намояд ва номи неки ҳар як омӯзгор дар қалби шогирдон ҷовидона боқӣ монад.
РӮЗИ ОМӮЗГОР МУБОРАК, УСТОДОНИ АЗИЗ!
